Ай лӯлиён, ай лӯлиён, як лӯлие девона шуд

178

Ай лӯлиён, ай лӯлиён, як лӯлие девона шуд,
Таште фитод аз боми мо, нак сӯйи маҷнунхона шуд!

Мегашт гирди ҳавз ӯ чун ташнагон дар ҷустуҷӯ,
Чун хушкнона ногаҳон дар ҳавзи мо тарнона шуд!

Ай марди донишманд ту, ду гӯш аз ин барбанд ту,
Машнав ту ин афсун, ки ӯ з-афсуни мо афсона шуд!

З-ин ҳалқа биҷҳад гӯшҳо, к-ӯ ақл бурд аз ҳушҳо,
То сар ниҳад бар осиё, чун дона дар паймона шуд!

Бозӣ мабин, бозӣ мабин, ин ҷо ту ҷонбозӣ гузин,
Сарҳо зи ишқи ҷаъди ӯ бас сарнигун чун шона шуд!

Ғарра машав бо ақли худ, бас устоди муътамад,
К-устуни олам буд ӯ, нолонтар аз ҳаннона шуд!

Ман, ки зи ҷон бибридаам, чун гул қабо бидридаам,
З-он рӯ шудам, ки ақли ман бо ҷони ман бегона шуд!

Ин қатраҳои ҳушҳо мағлуб баҳри ҳуш шуд,
Зарроти ин ҷонрезҳо мустаҳлики ҷонона шуд!

Хомуш кунам, фармон кунам в-ин шамъро пинҳон кунам,
Шамъе, ки андар нури ӯ хуршеду маҳ парвона шуд!