390
Афсари султони гул пайдо шуд аз тарфи чаман,
Мақдамаш, ё Раб, муборак бод бар сарву суман!
Хуш ба ҷойи хештан буд ин нишасти хусравӣ,
То нишинад ҳар касе акнун ба ҷойи хештан.
Хотами Ҷамро башорат деҳ ба ҳусни хотамаш,
К-Исми Аъзам кард аз ӯ кӯтоҳ дасти Аҳриман.
То абад маъмур бод ин хона, к-аз хоки дараш
Ҳар нафас бо бӯйи раҳмон мевазад боди Яман.
Шавкати пури Пашангу теғи оламгири ӯ
Дар ҳама шаҳномаҳо шуд достони анҷуман.
Хинги чавгонии чархат ром шуд дар зери зин,
Шаҳсаворо, чун ба майдон омадӣ, гӯе бизан!
Ҷӯйбори мулкро оби равон шамшери туст,
Ту дарахти адл биншон, бехи бадхоҳон бикан!
Баъд аз ин на-шгифт, агар бо накҳати хулқи хушат
Хезад аз саҳрои Эзаҷ нофаи мушки Хутан.
Гӯшагирон интизори ҷилвае хуш мекунанд,
Баршикан тарфи кулоҳу бурқаъ аз рух барфикан.
Машварат бо ақл кардам, гуфт: Ҳофиз, май бинӯш,
Соқиё, май деҳ ба қавли мусташори муътаман.
Эй сабо, бар соқии базми Атобак арза дор,
То аз он ҷоми зарафшон ҷуръае бахшад ба ман.