Бар сари онам, ки гар зи даст барояд

232

Бар сари онам, ки гар зи даст барояд,
Даст ба коре занам, ки ғусса сар ояд.

Хилвати дил нест ҷойи суҳбати аздод,
Дев чу берун равад, фаришта дарояд.

Суҳбати ҳукком зулмати шаби ялдост,
Нур зи хуршед хоҳ, бу, ки барояд.

Бар дари арбоби бемурувати дунё,
Чанд нишинӣ, ки хоҷа кай бадар ояд?!

Тарки гадоӣ макун, ки ганҷ биёбӣ
Аз назари раҳраве, ки дар гузар ояд.

Солеҳу толеҳ матои хеш намуданд,
То кӣ қабул афтаду кӣ дар назар ояд.

Булбули ошиқ, ту умр хоҳ, ки охир
Боғ шавад сабзу шохи гул ба бар ояд.

Ғафлати Ҳофиз дар ин сароча аҷаб нест,
Ҳар кӣ ба майхона рафт, бехабар ояд.