Ба боғ лолаву гул равнақи баҳоронанд,
Вале баромада сурх аз ту шармсоронанд.
Назар ба ҳоли шақоиқ кун, ай саҳоби карам,
Ки аз навоири шавқи ту доғдоронанд.
Шаб аз чӣ гашта сияҳҷома чархи нилипӯш,
Агар зи мотами ишқат на сӯгворонанд!
Қарор бар сари оташ кирост, нест аҷаб,
Ки бар рухи ту ду зулфи ту беқароронанд.
Чунон ба роҳи ту гарманд раҳравон, ки магар
Фарози борагии Ҷам чу ҷамсаворонанд.
Ба фарқ санги сиёсат мазан гадоёнро,
Ки мустаҳиққи1 чунин тоҷ шаҳрёронанд.
Ба ишқ то дари таслиму сулҳ зад Ҷомӣ,
Ҷаҳониён ҳама бо ӯ ситезакоронанд.
1 Мустаҳиқ(қ) – муҳтоҷ.