Ба дил дарде аҷаб дорам, намедонам, ки чун гирям

Ба дил дарде аҷаб дорам, намедонам, ки чун гирям,
Дило, хуш шав, ки то бар дарди худ як лаҳза хун гирям.

Кунад тадбир ақли зӯфунун, то созадам хандон,
Мани девона аз тадбири ақли зӯфунун гирям.

Танам пурзахми корӣ, синаам пурдоғи беёрӣ,
Гаҳе бар захми берун, гоҳ бар доғи дарун гирям.

Маро тамкини олигавҳаре дорад чунин гирён,
Баҳона мекунам, к-аз гардиши гардуни дун гирям.

Шавад занҷир бар занҷир мавҷи сели ашки ман,
Чу дар зиндони меҳнат по ба занҷири ҷунун гирям.

Чу мотамдидагон бинам дар ин ҷонкоҳ дарди худ,
Физоям гиря ҳар якрову аз ҳар як фузун гирям.

Магӯ, Ҷомӣ, ки таскин деҳ ба афсун гиряи худро,
Ки ман аз ишваи ҷодувашони пурфусун гирям.