Ба савти булбулу қумрӣ агар бинӯшӣ май

430

Ба савти булбулу қумрӣ агар бинӯшӣ май,
Илоҷ кай кунамат охир-уд-даво-ал-кай?

Захирае бинеҳ аз рангу бӯйи фасли баҳор,
Ки марасанд зи пай раҳзанони баҳману дай.

Чу гул ниқоб барафганду мурғ зад ҳу-ҳу,
Манеҳ зи даст пиёла, чӣ мекунӣ ҳай-ҳай?

Шукӯҳи салтанату ҳусн кай суботе дод,
Зи тахти Ҷам сухане мондаасту афсари Кай.

Хазинадории меросхорагон куфр аст
Ба қавли мутрибу соқӣ, ба фатвии дафу най.

Замона ҳеч набахшад, ки боз настонад?
Маҷӯ зи сифла мурувват, ки шайъуҳу лошай.

Навиштаанд бар айвони ҷаннат-ул-маъво,
Ки «Ҳар кӣ ишваи дунё харид, вой ба вай!»

Сахо намонд, сухан тай кунам, шароб куҷост?
Бидеҳ ба шодии рӯҳу равони Ҳотами Тай.

Бахил бӯйи Худо нашнавад, биё, Ҳофиз,
Пиёла гиру карам варз, ваз-з-амони алай.