Ба худ гумони ман ин буд, ки дар бидояти ишқ

Ба худ гумони ман ин буд, ки дар бидояти ишқ
Ки кӯси мулк занам зуд дар вилояти ишқ.

Дареғу дард, ки ҳам дар миён фурӯ рафтам
Надида бориқаи1 лутф аз ниҳояти ишқ.

Зи корхонаи ишқам ҷуз ин насибе нест,
Ки бар забон гузарад гаҳ-гаҳам ҳикояти ишқ.

Ҳуқуқи ишқ риоят чунончи мебояд,
Наёфт, з-ин бувад аз ошиқон шикояти ишқ.

Пайи нузули ҳар оят шунидаам сабабе,
Бурун бувад зи сабабҳо нузули ояти ишқ.

Зи ҷаври даҳр паноҳе гирифта ҳар бедил,
Паноҳи ман чӣ бувад, сояи инояти ишқ.

Чӣ суд саъйи ту, Ҷомӣ, беҳ он бувад, ки ниҳӣ
Зимоми маслиҳат андар кафи кифояти ишқ.


1 Бориқа – тобиш, дурахш.