Бедил гумон мабар, ки насиҳат кунад қабул

349

Бедил гумон мабар, ки насиҳат кунад қабул,
Ман гӯши истимоъ надорам, лиман яқул1.

То ақл доштам, нагирифтам тариқи ишқ,
Ҷое дилам бирафт, ки ҳайрон шавад уқул.

Охир, на дил ба дил равад, инсофи ман бидеҳ,
Чун аст, ман ба васли ту муштоқу ту малул?

Як дам намеравад, ки на дар хотирӣ, валек
Бисёр фарқ бошад аз андеша то вусул.

Рӯзе сарат бибӯсаму дар поят уфтам,
Парвонаро чӣ ҳоҷати парвонаи духул2?

Гунҷишк бин, ки суҳбати шоҳинаш орзуст,
Бечора дар ҳалоки тани хештан аҷул.

Нафсӣ тазулу оқибата-л-амри фӣ-л-ҳаво,
Ё мунятӣ ва зикрука фӣ-н-нафси ло язул3.

Моро ба ҷуз ту дар ҳама олам азиз нест,
Гар рад кунӣ, бизоати музҷот, в-ар қабул.

Эй пайки номабар, ки хабар мебарӣ ба дӯст,
Ё лайт4, агар ба ҷои ту ман будаме расул.

Даврони даҳру таҷрибатам сар сафед кард,
В-аз сар бадар намеравадам ҳамчунон фузул5.

Саъдӣ, чу пойбанд шудӣ, бори ғам бибар,
Айёри дастбаста набошад магар ҳамул6.


1 Ман гӯши шунидани ҳарфи ҳар сухангӯеро надорам.
2 Иҷозаи дохил шудан.
3 Эй умеди ман! Саранҷом дар ишқи ту ҷонам ба лаб мерасад, вале ёди ту аз дили ман намеравад.
4 Эй кош.
5 Ёвагӯӣ.
6 Бурдбор, сабур.


?>