Биҳамдиллаҳ, ки бозам дида равшан шуд ба дидорат,
Гирифтам қути ҷон аз ҳуққаи лаъли шакарборат.
Ғуборолуда меоию чарх ин орзу дорад,
К-аз оби чашмаи хуршед шӯяд гарди рухсорат.
Кулоҳи дилбарӣ каҷ неҳ, саманди ноз ҷавлон деҳ,
Ки бошад ҳиммати некон зи чашми бад нигаҳдорат.
Каманди ҷаъди хам дар хам гар ин сон афганӣ, бинам
Ҳама гарданкашони мулкро охир гирифторат.
Чӣ ҳоҷат посбон гирди дару боми ту гардидан?
Чу рӯзи равшан аст аз шуълаи оҳам шаби торат.
Агар чун офтобам нест раҳ дар равзанат, ин бас,
Ки рӯзе соявор аз по дарафтам зери деворат.
Чу мурғони хазондида хамуш буд аз сухан Ҷомӣ,
Вале дар гуфтугӯ овард бозаш бӯйи гулзорат.