Гуфтамаш, сер бибинам, магар аз дил биравад

263

Гуфтамаш, сер бибинам, магар аз дил биравад,
В-ончунон пой гирифтаст, ки мушкил биравад.

Диле аз санг бибояд ба сари роҳи видоъ,
То таҳаммул кунад он рӯз, ки маҳмил биравад.

Чашми ҳасрат ба сари ашк фурӯ мегирам,
Ки агар роҳ диҳам, қофила бар гил биравад.

Раҳ надидам, чу бирафт аз назарам сурати дӯст,
Ҳамчу чашме, ки чароғаш зи муқобил биравад.

Мавҷ аз ин бор чунон киштии тоқат бишикаст,
Ки аҷаб дорам, агар тахта ба соҳил биравад.

Саҳл буд, он ки ба шамшери итобам1 мекушт,
Қатли соҳибназар он аст, ки қотил биравад.

На аҷаб, гар биравад қоидаи сабру шикеб,
Пеши ҳар чашм, ки он қадду шамоил баравад.

Кас надонам, ки дар ин шаҳр гирифтори ту нест,
Магар он кас, ки ба шаҳр ояду ғофил биравад.

Гар ҳама умр надодаст касе дил ба хаёл,
Чун биёяд ба сари роҳи ту, бедил биравад.

Рӯй бинмой, ки сабр аз дили сӯфӣ бибарӣ,
Парда бардор, ки ҳуш аз сари оқил биравад.

Саъдӣ ар ишқ набозад, чӣ кунад мулки вуҷуд?
Ҳайф бошад, ки ҳама умр ба ботил биравад.

Қимати васл надонад, магар озурдаи ҳаҷр,
Монда осуда бихусбад, чу ба манзил биравад.


1 Маломат, сарзаниш.