Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост

46

Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост,
Аз хона бурун омаду бозор биёрост.

Дар ваҳм нагунҷад, ки чӣ дилбанду чӣ ширин,
Дар васф наёяд, ки чӣ матбӯъу чӣ зебост.

Сабру дилу дин мераваду тоқату ором,
Аз захм падид аст, ки бозуш тавоност.

Аз баҳри Худо, рӯй мапӯш аз зану аз мард,
То сунъи Худо менигаранд аз чапу аз рост.

Чашме, ки туро бинаду дар қудрати бечун
Мадҳуш намонад, натавон гуфт, ки биност.

Дунё ба чӣ кор ояду фирдавс чӣ бошад?
Аз бори Худо, беҳ зи ту ҳоҷат натавон хост.

Фарёди ман аз дасти ғамат айб набошад,
К-ин дард, напиндорам, аз они мани танҳост.

Бо ҷавру ҷафои ту насозем, чӣ созем?
Чун заҳраву ёро набувад, чора мудорост.

Аз рӯи шумо сабр на сабр аст, ки заҳр аст,
В-аз дасти шумо заҳр на заҳр аст, ки ҳалвост.

Он кому даҳону лабу дандон, ки ту дорӣ,
Айш аст, вале то зи барои кӣ муҳайёст?

Гар хуни ману ҷумлаи олам ту бирезӣ,
Иқрор биёрем, ки ҷурм аз тарафи мост.

Таслими ту Саъдӣ натавонад, ки набошад,
Гар сар биниҳад, в-ар наниҳад, дасти ту болост.


?>