Дил намондаст, ки гӯи хами чавгони ту нест

127

Дил намондаст, ки гӯи хами чавгони ту нест,
Хасмро пои гурез аз сари майдони ту нест.

То сари зулфи парешони ту дар ҷамъ омад,
Ҳеч маҷмӯъ надонам, ки парешони ту нест.

Дар ту ҳайронаму авсофи маъонӣ, ки турост,
В-андар он кас, ки басар дораду ҳайрони ту нест.

Он чӣ айб аст, ки дар сурати зебои ту ҳаст?
В-он чӣ сеҳр аст, ки дар ғамзаи фаттони ту нест?

Оби ҳайвон натавон гуфт, ки дар олам ҳаст,
Гар чунон аст, ки дар чоҳи занахдони ту нест.

Аз Худо омадаӣ ояти раҳмат бари халқ,
В-он кадом ояти лутф аст, ки дар шони ту нест?

Гар туро ҳаст шикеб аз ману имкони фароғ,
Ба висолат, ки маро тоқати ҳиҷрони ту нест.

Ту куҷо нолӣ аз ин хор, ки дар пои ман аст?
Ё чӣ ғам дорӣ аз ин дард, ки бар ҷони ту нест?

Дарде аз ҳасрати дидори дидори ту дорам, ки табиб
Оҷиз омад, ки маро чораи дармони ту нест.

Охир, эй каъбаи мақсуд, куҷо афтодӣ,
Ки худ аз ҳеч тараф ҳадди биёбони ту нест?

Гар биронӣ, чӣ кунад банда, ки фармон набарад?
В-ар бихонӣ, аҷаб аз ғояти1 эҳсони ту нест.

Саъдӣ аз банди ту ҳаргиз бадар ояд? Ҳайҳот,
Балки ҳайф аст бар он кас, ки гирифтори ту нест.


1 Ниҳоят.


?>