Дил пеши туву дида ба ҷои дигарастам

368

Дил пеши туву дида ба ҷои дигарастам,
То хасм надонад, ки туро менигаристам.

Рӯзе бадар оям ман аз ин пардаи номус,
Ҳар ҷо ки буте чун ту бибинам, бипарастам.

Алминнатулиллаҳ1, ки дилам сайди ғаме шуд,
К-аз хурдани ғамҳои пароканда бирастам.

Он аҳд, ки гуфтӣ, накунам меҳр фаромӯш,
Бишкастию ман бар сари паймони дурустам.

То завқи дарунам хабаре медиҳад аз дӯст,
Аз таънаи душман, ба Худо, гар хабарастам.

Мехостамат пешкашат лоиқи хидмат,
Ҷон нек ҳақир аст, надонам, чӣ фиристам.

Чун нек бидидам, ки надорӣ сари Саъдӣ,
Бар бахт бихандидаму бар худ бигиристам.


1 Шукру сипос Худойро.


?>