425
Доманкашон ҳамешуд дар шарби заркашида,
Сад моҳрӯ зи рашкаш ҷайби қасаб дарида.
Аз тоби оташи май бар гирди оразаш хай
Чун қатраҳои шабнам бар барги гул чакида.
Лафзе фасеҳу ширин, қадде баланди чобук,
Рӯе латифу зебо, чашме хуши кашида.
Ёқути ҷонфазояш аз оби лутф зода,
Шамшоди хушхиромаш дар ноз парварида.
Он лаъли дилкашаш бин в-он хандаи дилошӯб
В-он рафтани хушаш бин в-он гоми орамида.
Он оҳуи сияҳчашм аз доми мо бурун шуд,
Ёрон, чӣ чора созам бо ин дили рамида?!
Зинҳор, то тавонӣ, аҳли назар маёзор,
Дунё вафо надорад, эй нури ҳар ду дида.
То кай кашам итебат аз чашми дилфиребат?
Рӯзе карашмае кун, эй ёри баргузида.
Гар хотири шарифат ранҷида шуд зи Ҳофиз,
Боз о, ки тавба кардем аз гуфтаву шунида.
Бас шукр бозгӯям дар бандагии Хоҷа,
Гар уфтад ба дастам он меваи расида.