Доғи ҳаҷрам лаби хушк аз мижа тар месозад

Доғи ҳаҷрам лаби хушк аз мижа тар месозад,
Шарбати марги ман аз хуни ҷигар месозад.

Хатти мушкин, ки баногӯши ту меорояд,
Фитнаи тоза пайи аҳли назар месозад.

Ҳар кӣ ҷӯяд шарафи васли ту аз ҳилаи ақл,
Баҳри боми фалак аз шуъбада пар месозад.

Сохт зар рӯйи маро ишқу зи хунобаи дил
Сурати номи туро сиккаи зар месозад.

Муфтии шаҳр, к-аз ӯ мадраса олуд ба айб,
Сокини савмаа шуд, то чӣ ҳунар месозад!

Шайхи зарроқ,1 ки аз ғайб хабар мегӯяд,
Сар фурӯ бурда, надонам, чӣ хабар месозад!

То кунад туҳфаи Хусрав, ки бувад тӯтии Ҳинд,
Ҷомӣ аз рашҳи найи килк шакар месозад.


1 Зарроқ – маккор, айёр.