Кист он фитна, ки бо тиру камон мегузарад

178

Кист он фитна, ки бо тиру камон мегузарад,
В-он чӣ тир аст, ки аз ҷавшани ҷон мегузард.

Он на шахсе, ки ҷаҳонест пур аз лутфу камол,
Умр зоеъ макун, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад.

Ошкоро написандад дигар он рӯи чу моҳ,
Гар бидонад, ки чӣ бар халқ ниҳон мегузарад.

Охир, эй нодираи давру замон, аз сари лутф
Бари мо ой замоне, ки замон мегузарад.

Сурати рӯи ту, эй моҳи дилорой, чунон-к
Сурати ҳоли ман аз шарҳу баён мегузарад.

То дигар боди сабое ба чаман боз ояд,
Умр мебинаму чун барқи ямон мегузарад.

Оташе дар дили Саъдӣ ба муҳаббат задаӣ,
Дуд он аст, ки вақте ба забон мегузарад.