340
Ман, ки аз оташи дил чун хуми май дар ҷӯшам,
Муҳр бар лаб зада хун мехураму хомӯшам.
Қасди ҷон аст тамаъ дар лаби ҷонон кардан,
Ту маро бин, ки дар ин кор ба ҷон мекӯшам.
Ман кай озод шавам аз ғами дил, чун ҳар дам
Ҳиндуи зулфи буте ҳалқа кунад дар гӯшам.
Ҳошалиллаҳ, ки наям муътақиди тоати хеш,
Ин қадар ҳаст, ки гаҳ-гаҳ қадаҳе менӯшам.
Ҳаст умедам, ки алорағми адӯ рӯзи ҷазо
Файзи афваш наниҳад бори гунаҳ бар дӯшам.
Падарам равзаи Ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.
Хирқапӯшии ман аз ғояти диндорӣ нест,
Пардае бар сари сад айби ниҳон мепӯшам.
Ман, ки хоҳам, ки нанӯшам ба ҷуз аз ровақи хум,
Чӣ кунам, гар сухани пири муғон нанюшам?!
Гар аз ин даст занад мутриби маҷлис раҳи ишқ,
Шеъри Ҳофиз бибарад вақти самоъ аз ҳушам.