Ман он наям, ки зи ту даст дораму биравам,
Туро ба дасти рақибон гузораму биравам.
Ба қасди диданат оям, чу рӯй нанмоӣ,
Нафири шавқи ту аз дил барораму биравам.
Шикофи теғи ту хоҳам ба фарқи сар, маписанд,
Ки ноумед паси сар бихораму биравам.
Ки ҷойи ҳамчу мане остони ту он беҳ,
Ки ҷойи худ ба сагонат супораму биравам.
Аҷал расид, ба як саҷда қиблаи ман шав,
Ки ин вазифа итоат гузораму биравам.
Чу гашт бе ту кунам, гар набинамат дар боғ,
Чу абр бар гулу сарв ашк бораму биравам.
Магӯ, ки Ҷомӣ аз ин дар бирав, амонам деҳ,
Ки бар ту дарди дили худ шумораму биравам.