432
Махмури ҷоми ишқам, соқӣ, бидеҳ шаробе,
Пур кун қадаҳ, ки бе май маҷлис надорад обе.
Васфи рухи чу моҳаш дар парда рост н-ояд,
Мутриб, бизан навое, соқӣ, бидеҳ шаробе!
Шуд ҳалқа қомати ман, то баъд аз ин рақибат
З-ин дар дигар наронад моро ба ҳеч бобе.
Дар интизори рӯят мову умедворӣ,
Дар ишваи висолат мову хаёлу хобе!
Махмури он ду чашмам, оё куҷост ҷоме?
Бемори он ду лаълам, охир, к-ам аз ҷавобе?
Ҳофиз, чӣ мениҳӣ дил ту дар хаёли хубон?
Кай ташна сер гардад аз ламъаи саробе?!