Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст

111

Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст,
Ё шабу рӯз ба ҷуз фикри туам коре ҳаст.

Ба каманди сари зулфат на ман афтодаму бас,
Ки ба ҳар ҳалқаи мӯет гирифторе ҳаст.

Гар бигӯям, ки маро бо ту сару коре нест,
Дару девор гувоҳӣ бидиҳад: коре ҳаст!

Ҳар кӣ айбам кунад аз ишқу маломат гӯяд,
То надидаст туро, бар манаш инкоре ҳаст.

Сабр бар ҷаври рақибат, чӣ кунам, гар накунам?
Ҳама донанд, ки дар суҳбати гул хоре ҳаст.

На мани хомтамаъ ишқи ту меварзаму бас,
Ки чу ман сӯхта дар хайли1 ту бисёре ҳаст.

Бод хоке зи мақоми ту биёварду бибурд
Оби ҳар тиб2, ки дар таблаи атторе ҳаст.

Ман чӣ дар пои ту резам, ки писанди ту бувад?
Ҷону сарро натавон гуфт, ки миқдоре ҳаст.

Ман аз ин далқи мураққаъ3 бадар оям рӯзе,
То ҳама халқ бидонанд, ки зунноре4 ҳаст.

Ҳамаро ҳаст, ҳамин доғи муҳаббат ки марост,
Ки на мастам ману дар даври ту ҳушёре ҳаст.

Ишқи Саъдӣ на ҳадисест, ки пинҳон монад,
Достонест, ки дар ҳар сари бозоре ҳаст.


1 Дӯстдорон, пайравон.
2 Бӯи хуш.
3 Ҷомаи васладор.
4 Камарбанде, ки масеҳиён бар камар мебастанд.


?>