Меравам, в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам

383

Меравам, в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам,
Хабар аз пой надорам, ки замин месипарам.

Меравам бе дилу бе ёру яқин медонам,
Ки мани бедили беёр на марди сафарам.

Хоки ман зинда ба таъсири ҳавои лаби туст,
Созгорӣ накунад обу ҳавои дигарам.

Ваҳ, ки гар бар сари кӯи ту шабе рӯз кунам,
Ғулғул андар малакут афтад аз оҳи саҳарам.

Пой мепечаму чун пой дилам мепечад,
Бор мебандаму аз бор фурӯбастатарам.

Чӣ кунам, даст надорам ба гиребони аҷал,
То ба тан-дар зи ғамат пираҳани ҷон бидарам.

Оташи чашми ту бурд оби мани хоколуд,
Баъд аз ин бод ба гӯши ту расонад хабарам.

Ҳар наварде, ки зи тумори ғамам боз кунӣ,
Ҳарфҳо бинӣ олуда ба хуни ҷигарам.

Не, мапиндор, ки ҳарфе ба забон орам агар,
То ба сина чу қалам бозшикофанд сарам.

Ба ҳавои сари зулфи ту даровехта буд
Аз сари шохи забон барги суханҳои тарам.

Гар сухан гӯям минбаъд, шикоят бошад,
В-ар шикоят кунам аз дасти ту, пеши кӣ барам.

Хори савдои ту овехта дар домани дил,
Нангам ояд, ки ба атрофи гулистон гузарам.

Басари равшанам аз сурмаи хоки дари туст,
Қимати хоки ту ман донам, к-аҳли басарам.

Гарчи дар кулбаи хилват бувадам нури ҳузур,
Ҳамсафар беҳ, ки намондаст маҷоли ҳазарам.

Сарви болои ту дар боғи тасаввур бар пой,
Шарм дорам, ки ба болои санавбар нигарам.

Гар ба тан боз кунам ҷои дигар, боке нест,
Ки ба дил ғошия бар сар1 ба рикоби ту-дарам.

Гар ба дурии сафар аз ту ҷудо хоҳам монд,
Шарм бодам, ки ҳамон Саъдии кӯтаҳназарам.

Ба қадам рафтаму ночор ба сар боз оям,
Гар ба доман нарасад чанги қазову қадарам.

Шӯхчашмӣ чу магас кардаму бардошт адӯ
Ба магасрони маломат зи канори шакарам.

Аз қафо сер нагаштам мани бадбахт ҳанӯз,
Меравам, в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам.


1 Итоаткунон.


?>