Моем зи машраби муғона,
Дар кӯйи муғон гирифта хона.
Ҳамвора майи муғона нӯшем
Бар нағмаи чанг ё чағона.
Ишқ аст таронагӯ дар ин базм,
Ғофил манишин аз ин тарона!
Зоҳид, ки зи зуҳди хушк хонад
Ин тозатаронаро фасона.
Аз субҳа муқаййиди адад монд,
Кай роҳ барад ба он ягона?
Ҷомӣ, ки зи дидани ҳуҷуб буд
Дар рафъи ҳиҷоб ҷовидона.
Чун дид, ки он ҳуҷуб ҷуз ӯ нест,
Бархост ҳиҷобаш аз миёна.