Он тундхӯ, ки омад хун рехтан фани ӯ,
Гар хуни ман нарезад, хунам ба гардани ӯ!
Ҳар дам чаро ниҳад рӯ доман ба пушти пояш,
Чок аст ҷайби ҷонам аз рашки домани ӯ.
Тоқи равоқи айшам гардад, чу гоҳ-гоҳе
Бинам нишон ба роҳе аз наъли тавсани ӯ.
Гар з-он ду рух кушояд бурқаъ1 даруни хона,
Акси маҳу ҳур афтад берун зи равзани ӯ.
Шабҳо чу дур аз он рух бинам ба моҳ, тарсам,
К-аз барқи оҳам афтад оташ ба хирмани ӯ.
Ҳарчанд тан чу мӯйе аз дарди туст ошиқ,
Бедарди ту мабодо як мӯй бар тани ӯ.
Ҷомӣ туро набинад ҷуз чашми равшани худ,
Бодо ҳазор раҳмат бар чашми равшани ӯ.
1 Бурқаъ – парда, чашмбанди занон.