Охир, эй сангдили симзанахдон, то чанд

227

Охир, эй сангдили симзанахдон, то чанд,
Ту зи мо фориғу мо аз ту парешон то чанд?

Хор дар пои гул аз дур ба ҳасрат дидам,
Ташна боз омадан аз чашмаи ҳайвон то чанд?

Гӯш дар гуфтани ширини ту волеҳ то кай?
Чашм дар манзари матбӯъи ту ҳайрон то чанд?

Бими он аст дамодам, ки барорам фарёд,
Сабри пайдову ҷигархурдани пинҳон то чанд?

Ту сари ноз барорӣ зи гиребон ҳар рӯз,
Мо зи ҷаврат сари фикрат ба гиребон то чанд?

Ранги дастат на ба ҳинност, ки хуни дили мост,
Хурдани хуни дили халқ ба дастон то чанд?

Саъдӣ аз дасти ту аз пой дарояд рӯзе,
Тоқати бори ситам то каю ҳиҷрон то чанд?


?>