ҶӮЙИ МӮЛИЁН
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ…
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.Рашидии Самарқандӣ
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату оройиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон…
Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд.
Сапеди симзада буду дурру марҷон буд…
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ…
Он саҳни чаман, ки аз дами дай,
Гуфтӣ, думи гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ…
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат
Се пироҳан салаб будастЮсуфро ба умр-андар:
Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат…
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
З-омада шодмона бояд буд…
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Сифла табъи мор дорад, бехилоф…
Ой дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар…
Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чу некӯ бинигарӣ, ҳама панд аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт, то ту ғам нахурӣ…
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки Эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард…
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,
Дил ба Бухорову бутони Тароз?!
Эзади мо васвасаи ошиқӣ…
То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон…
Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад
В-ар ҷон ба лаб оядам ба ҷуз мардуми чашм…
Бар ишқи туям на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туям на ақл бар ҷост, на дил!
Ин ғам, ки марост кӯҳи Қоф аст, на ғам…
Дар манзили ғам фиканда мафраш моем
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем…
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,
Зулфат анбар, садаф даҳон, дур дандон,
Абрӯ киштию чини пешонӣ мавҷ…
Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ!
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ…
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан…
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур…
Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд.…
Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ…
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд…
Ҳар киро Эзад-ш лахте ҳуш дод,
Рӯзгор ӯро басанда устод.
Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор…
Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон!
Ҳеч талхӣ нест бар дилталхтар…