Рӯзгорест, ки савдозадаи рӯи туам

363

Рӯзгорест, ки савдозадаи рӯи туам,
Хобгаҳ нест, магар хоки сари кӯи туам.

Ба ду чашми ту, ки шӯридатар аз бахти ман аст,
Ки ба рӯи ту ман ошуфтатар аз мӯи туам.

Нақди ҳар ақл, ки дар кисаи пиндорам буд,
Камтар аз ҳеч баромад ба тарозуи туам.

Ҳамдаме нест, ки гӯяд сухане пеши манат,
Маҳраме нест, ки орад хабаре сӯи туам.

Чашм бар ҳам назанам, гар ту ба тирам бизанӣ,
Лек тарсам, ки бидӯзад назар аз рӯи туам.

З-ин сабаб халқи ҷаҳонанд муриди суханам,
Ки риёзаткаши меҳроби ду абрӯи туам.

Дасти маргам наканад мехи саропардаи умр,
Гар саодат бизанад хайма ба паҳлӯи туам.

Ту мапиндор, к-аз ин дар ба маломат биравам,
Ки гарам теғ занӣ, бандаи бозуи туам.

Саъдӣ аз пардаи «Ушшоқ» чӣ хуш мегӯяд:
Турки ман, парда барандоз, ки ҳиндуи туам.


?>