Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи ёқути равонро

18

Соқӣ, бидеҳ он кӯзаи ёқути равонро1,
Ёқут чӣ арзад? Бидеҳ он қути равонро.

Аввал падари пир хурад ратли2 дамодам,
То муддаъиён ҳеч нагӯянд ҷавонро.

То маст набошӣ, набарӣ бори ғами ёр,
Оре, шутури маст кашад бори гаронро.

Эй рӯи ту ороми дили халқи ҷаҳоне,
Бе рӯи ту шояд ки набинанд ҷаҳонро.

Дар сурату маънӣ, ки ту дорӣ, чӣ тавон гуфт?
Ҳусни ту зи таҳсини ту бастаст забонро.

Онак, асаландӯхта дорад магаси наҳл
Шаҳди лаби ширини ту – занбӯрмиёнро.

З-ин даст, ки дидори ту дил мебарад аз даст,
Тарсам, набарам оқибат аз дасти ту ҷонро.

Ё тири ҳалокам бизанӣ бар дили маҷрӯҳ,
Ё ҷон бидиҳам, то бидиҳӣ тири амонро.

В-он гаҳ, ки ба тирам занӣ, аввал хабарам деҳ,
То пештарат бӯса диҳам дасту камонро.

Саъдӣ, зи фироқи ту на он ранҷ кашидаст,
К-аз шодии васли ту фаромуш кунад онро.

В-ар низ ҷароҳат ба даво боз ҳам ояд,
Аз ҷойи ҷароҳат натавон бурд нишонро.


1 Ғизои рӯҳ.
2 Ҷому паймонаи шароб.


?>