Соқӣ, биё, ки дигар з-ин гуфтугӯ ба ҷонам,
Як дам зи соғари май неҳ муҳр бар даҳонам.
Танг омадам зи дониш, дардеҳ шароби софӣ,
То лавҳи хотирамро шӯяд, зи ҳар чӣ, донам.
Ҳарчанд ҳила кардам, аз хештан нарастам,
Май деҳ, ки то ба мастӣ худро зи худ раҳонам.
З-он май, ки гар бинӯшам як ҷуръа рӯзе аз вай,
Чун Хизр то қиёмат з-он ҷуръа зинда монам.
З-он май, ки баъди умре бар хок ар бирезӣ,
Чун шохи тоза аз гил баррӯяд устухонам.
Чун нест май мубоҳам дар кеши худпарастон,
Беҳ, з-оби рӯйи эшон хоки дари муғонам.
Аз май расонд Ҷомӣ худро ба васли ҷонон,
Соқӣ, биё, ки бошад худро ба вай расонам.