Субҳ механдаду ман гирякунон аз ғами дӯст

99

Субҳ механдаду ман гирякунон аз ғами дӯст,
Эй дами субҳ, чӣ дорӣ хабар аз мақдами дӯст?

Бар худам гиря ҳамеояду бар хандаи ту,
То табассум чӣ кунӣ бехабар аз мабсими1 дӯст?

Эй насими саҳар, аз ман ба дилором бигӯй,
Ки касе ҷуз ту надонам, ки бувад маҳрами дӯст.

Гӯ, ками ёр барои дили ағёр магир,
Душман ин нек пасандад, ки ту гирӣ ками дӯст.

Ту, ки бо ҷониби хасмат ба иродат назар аст,
Беҳ, ки зоеъ нагузорӣ тарафи муъзами дӯст.

Ман на онам, ки адӯ гуфт, ту худ донӣ нек,
Ки надорад дили душман хабар аз олами дӯст.

Не, не, эй бод, марав, ҳоли мани хаста магӯй,
То ғуборе нанишинад ба дили хуррами дӯст.

Ҳар касеро ғами хеш асту дили Саъдиро
Ҳама вақте ғами он, то чӣ кунад бо ғами дӯст.


1 Табассум, лабханд.


?>