То ба чашми ту сурма раҳ карда,
Хонаи мардумон сияҳ карда.
Соли ту чордаҳ накарда тамом,
Номи ту моҳи чордаҳ карда.
Рӯйи ту баҳри хонавайронон
Дар шаби тира кори маҳ карда.
Меҳри рухсори оламафрӯзат
Чок дар ҷайби субҳгаҳ карда.
Умри бас кас, ки дар назораи ту
Рафта барбод, то нигаҳ карда.
Подшоҳи сипоҳи ҳусн туӣ,
То фалак арзи он сипаҳ карда.
Ишқ бо чун туе агар гунаҳ аст,
На ҳамин Ҷомӣ ин гунаҳ карда.