То дили дӯстон ба даст орӣ

То дили дӯстон ба даст орӣ,
Бӯстони падар фурӯхта беҳ.

Пухтани деги некхоҳонро
Ҳар чӣ рахти сарост, сӯхта беҳ.

Бо бадандеш ҳам накӯӣ кун,
Даҳани саг ба луқма дӯхта беҳ.