Хуршед зери сояи зулфи чу шоми ӯст

94

Хуршед зери сояи зулфи чу шоми ӯст,
Тӯбо1 ғуломи қадди санавбархироми ӯст.

Он қомат аст? Не, ба ҳақиқат қиёмат аст,
Зеро ки растахези ман андар қиёми ӯст.

Бар марг дил хуш аст дар ин воқиа маро,
К-оби ҳаёт2 дар лаби ёқутфоми ӯст.

Бӯи баҳор медамадам ё насими субҳ,
Боди биҳишт мегузарад ё паёми ӯст?

Дил ишва мефурӯхт, ки ман мурғи зиракам,
Инак, фитода дар сари зулфи чу доми ӯст.

Бечора мондаам ҳама рӯзе ба доми ӯ,
В-инак, фитодаам ба ғарибӣ, ки коми ӯст.

Ҳар лаҳза дар барам дил аз андеша хун шавад,
То худ ғуломи кист, ки Саъдӣ ғуломи ӯст.


1 Номи дарахтест дар биҳишт
2 Оби зиндагонӣ, ки зиндагии ҷовидон мебахшад.


?>