Хуш он ки рӯйи ту бинам, дар изтироб шавам

Хуш он ки рӯйи ту бинам, дар изтироб шавам,
Чу зарра рақскунон маҳви офтоб шавам.

Зи рух ниқоб барафган, Худойро, з-он пеш,
Ки зери хок зи ҳаҷри ту дар ниқоб шавам.

Ба ранги ҷомаи ту кас мабод, чанд зи дур
Ба дидани ту ба ҳар дигаре хароб шавам?

Лаби ту ҳаст, ба рахшанда лаъл чун нигарам,
Ба каф зулол, чаро ташна дар сароб шавам?

Чу хайма гар накунӣ соя бар сарам, ин бас,
Ки тавқдори ту аз ҳалқаи таноб шавам!

Зи хоби марг шавад ҷони ошиқ осуда,
Биё, ки дар қадамат сар ниҳам, ба хоб шавам.

Ба гиря гуфтаи Ҷомӣ чу хонам аз ғами ту,
Канору ҷайб пур аз гавҳари хушоб шавам.