Чашм накшоӣ зи ноз, охир, чӣ ноз аст ин ҳама?

Чашм накшоӣ зи ноз, охир, чӣ ноз аст ин ҳама?
Бар рух аз нози туам ашки ниёз аст ин ҳама.

Дар хату холи ту асрори ҳақиқат дидаам,
Гарчи дар чашми ҳақиқатбин маҷоз аст ин ҳама.

Хӯйи ту бас гарму лаълат оташин, рӯй офтоб,
Бедилонро мояи сӯзу гудоз аст ин ҳама.

Пеши соғар дар суҷуд омад суроҳӣ, гӯш кун,
Бонги чангу най, ки вирди он намоз аст ин ҳама.

Ҳуққаи дур гашта чашмам, чун зи лаълат баста шуд,
Чашмбандиҳои чархи ҳуққабоз аст ин ҳама.

Кардаам бо ҳар сари мӯйи ту пайванде ҷудо,
Дар кафам сарриштаи умри дароз аст ин ҳама.

Гуфтаи рангини Ҷомӣ бину доғи дил дар ӯ,
Лолаҳои чида аз саҳрои роз аст ин ҳама.