389
Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома дар тан
Кунам чок аз гиребон то ба доман.
Танатро дида гул гӯё, ки дар боғ
Чу мастон ҷомаро бидрид бар тан.
Ман аз дасти ғамат мушкил барам ҷон,
Вале дилро ту осон бурдӣ аз ман.
Ба қавли душманон баргаштӣ аз дӯст,
Нагардад ҳеч кас бо дӯст душман.
Танат дар ҷома чун дар ҷоми бода,
Дилат дар сина чун дар сим оҳан.
Биёр, эй шамъ, ашк аз чашми хунин,
Ки сӯзи дил шавад бар халқ равшан.
Макун, к-аз синаам оҳи ҷигарсӯз
Барояд ҳамчу дуд аз роҳи равзан.
Диламро машкану дар по маяндоз,
Ки дорад дар сари зулфи ту маскан.
Чу дил дар зулфи ту бастаст Ҳофиз,
Бад-ин сон кори ӯ дар по маяфкан.