Чу ҷанг оварӣ, бо касе барситез

Чу ҷанг оварӣ, бо касе барситез,
Ки аз вай гузират бувад ё гурез.

Вақте ба ҷанг рӯ меорӣ, бо касе биҷанг, ки ё чораи ӯро дида тавонӣ (зӯрат ба ӯ бирасад) ва ё (агар зарур шавад,) аз чанги ӯ гурехта тавонӣ. (Чуноне ки машҳур аст:

Хирадманд н-андешад аз ҷанги шер,
Ту девона хонаш, нахонаш далер.)

(Ин ҷо ишора ба он дорад, ки он дӯстам дар баҳс чунон тавоно ва дар дӯстӣ чунон наздик буд, ки банда аз вай гурехта ё хоҳиши ӯро рад карда наметавонистам… ва ночор бояд қасами худро мешикастам ва бо ӯ сухан мегуфтам.)