509
Эй валвалаи ишқи ту бар ҳар сари кӯе,
Рӯи ту бибурд аз дили мо ҳар ғами рӯе.
Охир, сари мӯе ба тараҳҳум нигар онро,
К-оҳе бувадаш таъбия бар ҳар сари мӯе.
Кам менашавад ташнагии дидаи шӯхам,
Бо ин ки равон кардаам аз ҳар мижа ҷӯе.
Эй ҳар тане аз меҳри ту афтода ба кунҷе,
В-эй ҳар диле аз шавқи ту овора ба сӯе.
Мо як дилу ту шарм надорӣ, ки бароӣ
Ҳар лаҳза ба дастонею1 ҳар рӯз ба хӯе.
Дар кон набувад чун тани зебои ту симе,
В-аз санг нахезад чу дили сахти ту рӯе.
Бар ҳам назанад дасти хазон базми раёҳин,
Гар бод ба бустон барад аз зулфи ту бӯе.
Бо ин ҳама майдони латофат, ки ту дорӣ,
Саъдӣ чӣ бувад? Дар хами чавгони ту гӯе.