Эй дил, ба кӯйи ишқ гузоре намекунӣ

482

Эй дил, ба кӯйи ишқ гузоре намекунӣ,
Асбоби ҷамъ дорию коре намекунӣ.

Чавгони ҳукм дар кафу гӯе намезанӣ,
Бози зафар ба дасту шикоре намекунӣ,

Ин хун, ки мавҷ мезанад андар ҷигар туро,
Дар кори рангу бӯйи нигоре намекунӣ.

Мушкин аз он нашуд дами хулқат, ки чун сабо
Бар хоки кӯи дӯст гузоре намекунӣ.

Тарсам, к-аз ин чаман набарӣ остини гул,
К-аз гулшанаш таҳаммули хоре намекунӣ.

Дар остини ҷони ту сад нома мудраҷ аст,
В-онро фидои турраи ёре намекунӣ.

Соғар латифу дилкашу меафканӣ ба хок,
В-андеша аз балои хуморе намекунӣ.

Ҳофиз, бирав, ки бандагии подшоҳи вақт,
Гар ҷумла мекунанд, ту боре намекунӣ.