Эй дил, гар аз он чоҳи занахдон бадар оӣ

494

Эй дил, гар аз он чоҳи занахдон бадар оӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, зуд пушаймон бадар оӣ.

Ҳуш дор, ки гар васвасаи ақл кунӣ гӯш,
Одамсифат аз равзаи ризвон бадар оӣ.

Шояд, ки ба обе фалакат даст нагирад,
Гар ташналаб аз чашмаи ҳайвон бадар оӣ.

Ҷон медиҳам аз ҳасрати дидори ту чун субҳ,
Бошад, ки чу хуршеди дурахшон бадар оӣ.

Чандон чу сабо бар ту гуморам дами ҳиммат,
К-аз ғунча чу гул хурраму хандон бадар оӣ.

Дар тирашаби ҳаҷри ту ҷонам ба лаб омад,
Вақт аст, ки ҳамчун маҳи тобон бадар оӣ.

Бар раҳгузарат бастаам аз дида дусад ҷӯй,
То бу, ки ту чун сарви хиромон бадар оӣ.

Ҳофиз, макун андеша, ки он Юсуфи маҳрӯ
Боз ояду аз кулбаи аҳзон бадар оӣ.