Ёри ман он ки лутфи Худованд ёри ӯст

93

Ёри ман он ки лутфи Худованд ёри ӯст,
Бедоду доду радду қабул ихтиёри ӯст.

Дарёи ишқро ба ҳақиқат канор нест,
В-ар ҳаст, пеши аҳли ҳақиқат канори ӯст.

Дар аҳди Лайлӣ ин ҳама маҷнун набудаанд,
В-ин фитна барнахост, ки дар рӯзгори ӯст.

Соҳибдиле намонд дар ин фасли навбаҳор,
Илло ки ошиқи гулу маҷрӯҳи хори ӯст.

Донӣ, кадом хок, бар ӯ рашк мебарам?
Он хоки некбахт, ки дар раҳгузори ӯст.

Бовар макун, ки сурати ӯ ақли ман бибурд,
Ақли ман он бибурд, ки суратнигори ӯст.

Гар дигарон ба манзари зебо назар кунанд,
Моро назар ба сурати парвардгори ӯст.

Инам қабул бас, ки бимирам бар остон,
То нисбатам кунанд, ки хидматгузори ӯст.

Бар ҷавру бемуродию дарвешию ҳалок
Онро ки сабр нест, муҳаббат на кори ӯст.

Саъдӣ, ризои дӯст талаб кун, на ҳаззи хеш,
Абд он кунад, ки рои худовандгори ӯст.


?>