Ёр не, рӯй ба гулшан чӣ кунам?

Ёр не, рӯй ба гулшан чӣ кунам?
Ҷилваи сурию савсан чӣ кунам?

Манзари дидаи равшан рухи ӯст,
Бе рухаш дидаи равшан чӣ кунам?

Шаб чу дарн-оядам он моҳ зи дар,
Партави моҳ зи равзан чӣ кунам?!

Чоки дил дӯхта не, з-ашку мижа
Ин ҳама риштаву сӯзан чӣ кунам?!

Гуфтам: – Омад ба лабам ҷон зи ғамат.
Гуфт: – Ошиқ ту шудӣ, ман чӣ кунам?!

Гуфтам: – Аз ҳаҷр ба теғам бираҳон.
Гуфт: – Хуни ту ба гардан чӣ кунам?!

Фанни ман ошиқӣ омад, Ҷомӣ,
Сарфи авқот ба ҳар фан чӣ кунам?!