292
Қасам ба ҳашмати ҷоҳу ҷалоли Шоҳ Шуҷоъ,
Ки нест бо касам аз баҳри молу ҷоҳ низоъ.
Шароби хонагиям бас, майи муғона биёр,
Ҳарифи бода расид, эй рафиқи тавба, видоъ!
Худойро ба маям шустушӯйи хирқа кунед,
Ки ман намешунавам бӯйи хайр аз ин авзоъ.
Бибин, ки рақскунон меравад ба нолаи чанг,
Касе, ки рухса нафармудӣ истимоъи самоъ.
Ба ошиқон назаре кун ба шукри ин неъмат,
Ки ман ғуломи мутеъам, ту подшоҳи мутоъ.
Ба файзи ҷуръаи ҷоми ту ташнаем, вале
Намекунем далерӣ, намедиҳем судоъ.
Ҳунар намехарад айёму ғайр аз инам нест,
Куҷо равам ба тиҷорат бад-ин касоди матоъ?
Ҷабину чеҳраи Ҳофиз Худо ҷудо макунод
Зи хоки боргаҳи кибриёи Шоҳ Шуҷоъ!