245
Ҳар кӣ бе ӯ зиндагонӣ мекунад,
Гар намемирад, гаронӣ мекунад.
Ман бар он будам, ки надҳам дил ба ишқ,
Сарвболо дилситонӣ мекунад.
Меҳрбонӣ менамоям бар қадаш,
Сангдил номеҳрбонӣ мекунад.
Барфи пирӣ менишинад бар сарам,
Ҳамчунон табъам ҷавонӣ мекунад.
Моҷарои дил намегуфтам ба халқ,
Оби чашмам тарҷумонӣ имекунад.
Оҳани афсурда мекӯбад, ки ҷаҳд
Бо қазои осмонӣ мекунад.
Ақлро бо ишқ зӯри панҷа нест,
Эҳтимол1 аз нотавонӣ мекунад.
Чашми Саъдӣ дар умеди рӯи ёр
Чун даҳонаш дурфишонӣ мекунад.
Ҳам бувад шӯре дар ин сар бехилоф,
К-ин ҳама ширинзабонӣ мекунад.
1 Бурдборӣ, таҳаммул.