Ҳар чӣ дар рӯи ту гӯянд ба зебоӣ, ҳаст

110

Ҳар чӣ дар рӯи ту гӯянд ба зебоӣ, ҳаст,
В-он чи дар чашми ту аз шӯхию раъноӣ, ҳаст.

Сарвҳо дидам дар боғу тааммул кардам,
Қомате нест, ки чун ту ба дилороӣ ҳаст.

Эй ки монанди ту булбул ба сухандонӣ нест,
Натавон гуфт, ки тӯтӣ ба шакархоӣ1 ҳаст.

На туро аз мани мискин, на гули хандонро
Хабар аз машғалаи булбули савдоӣ ҳаст.

Рост гуфтӣ, ки фараҷ ёбӣ, агар сабр кунӣ,
Сабр нек аст, касеро ки тавоноӣ ҳаст.

Ҳаргиз аз дӯст шунидӣ, ки касе бишкебад?
Дӯстӣ нест дар он дил, ки шикебоӣ ҳаст.

Хабар аз ишқ набудасту набошад ҳама умр,
Ҳар кӣ ӯро хабар аз шунъату расвоӣ ҳаст.

Он на танҳост, ки бо ёди ту унсе дорад,
То нагӯӣ, ки маро тоқати танҳоӣ ҳаст.

Ҳамаро дида ба рӯят нигарон аст, валек
Ҳама касро натавон гуфт, ки биноӣ ҳаст.

Гуфта будӣ, ҳама зарқанду фиребанду фусӯс,
Саъдӣ он нест, вале чун ту бифармоӣ, ҳаст.


1 Шакаршиканӣ.


?>