Ҳаст анҷумани мо чамане пургулу лола

Ҳаст анҷумани мо чамане пургулу лола,
Гул орази соқист, дар ӯ лола пиёла.

Афсурда чу жола-ст, нигаҳ дор, Худоё,
Аз соҳати ин тозачаман офати жола.

Бошад сухани ишқ яке, лек гирифта
Ориф зи дили софиву воиз зи рисола.

Май деҳ, ки гираҳ шуд ба дилам ғуссаи айём,
Об аст даво, чун ба гулӯ монд навола.

Хатте, ки маро мерасад аз давлати ишқат,
Ранҷи ҳамарӯза-сту балои ҳамасола!

Гар нохушӣ аз додани як бӯса ба ҷоне,
Пеш ор лабат, то кунам ин байъ иқола.

Ҷомӣ, маталаб ҷавдати шеър аз мадади фикр,
К-ин кор ба имдоди Илоҳӣ-ст ҳавола.