Агарам ҳаёт бахшӣ, в-агарам ҳалок хоҳӣ

635

Агарам ҳаёт бахшӣ, в-агарам ҳалок хоҳӣ,
Сари бандагӣ ба ҳукмат биниҳам, ки подшоҳӣ.

Ман агар ҳазор хидмат бикунам, гуноҳкорам,
Ту ҳазор хуни ноҳақ бикунию бегуноҳӣ.

Ба касе наметавонам, ки шикоят аз ту хонам,
Ҳама ҷониби ту хоҳанду ту он кунӣ, ки хоҳӣ.

Ту ба офтоб монӣ зи камоли ҳусни талъат,
Ки назар наметавонад, ки бибинадат, камоҳӣ1.

Ман, агар чунон ки наҳй аст назар ба дӯст кардан,
Ҳама умр тавба кардам, ки нагардам аз маноҳӣ2.

Ба Худой, агар ба дардам бикушӣ, ки барнагардам,
Касе аз ту чун гурезад, ки туаш гурезгоҳӣ?!

Манам, эй нигору чашме, ки дар интизори рӯят
Ҳама шаб нахуфт мискину бихуфт мурғу моҳӣ.

В-агар ин шаби дарозам бикушад дар орзуят,
На аҷаб, ки зинда гардам ба насими субҳгоҳӣ.

Ғами ишқ агар бикӯшам, ки зи дӯстон бипӯшам,
Суханони сӯзнокам бидиҳад бар он гувоҳӣ.

Хизире чу килки3 Саъдӣ ҳама рӯз дар саёҳат,
На аҷаб, ки оби ҳайвон бадар ояд аз сиёҳӣ.


1 Чунонки ҳаст.
2 Корҳое, ки анҷоми он наҳй шудааст.
3 Қалам, най.