Агар ба бодаи мушкин дилам кашад, шояд

230

Агар ба бодаи мушкин дилам кашад, шояд,
Ки бӯйи хайр зи зуҳди риё намеояд.

Ҷаҳониён ҳама гар манъи ман кунанд аз ишқ,
Ман он кунам, ки Худовандгор фармояд.

Тамаъ зи файзи каромат мабур, ки хулқи карим
Гунаҳ бибахшаду бар ошиқон бибахшояд.

Муқими ҳалқаи зикр аст дил бад-он уммед,
Ки ҳалқае зи сари зулфи ёр бикшояд.

Туро, ки ҳусни худодода ҳасту ҳаҷлаи бахт,
Чӣ ҳоҷат аст, ки машшотаат биёрояд?

Чаман хуш асту ҳаво дилкаш асту май беғаш,
Кунун ба ҷуз дили хуш ҳеч дарнамеояд.

Ҷамилаест арӯси ҷаҳон, вале ҳуш дор,
Ки ин мухаддара дар ақди кас намеояд.

Ба лоба гуфтамаш: Эй моҳрух, чӣ бошад, агар
Ба як шакар зи ту дилхастае биёсояд?!

Ба ханда гуфт, ки Ҳофиз, Худойро, маписанд,
Ки бӯсаи ту рухи моҳро биёлояд.