Агар ба туҳфаи ҷонон ҳазор ҷон орӣ

567

Агар ба туҳфаи ҷонон ҳазор ҷон орӣ,
Муҳаққар аст, нашояд, ки бар забон орӣ.

Ҳадиси ҷон бари ҷонон ҳамин масал бошад,
Ки зар ба кон барию гул ба бӯстон орӣ.

Ҳанӯз дар дилат, эй офтобрух, нагузашт,
Ки сояе ба сари ёри меҳрбон орӣ?!

Туро чӣ ғам, ки маро дар ғамат нагирад хоб?
Ту, подшоҳ, куҷо ёди посбон орӣ?

Зи ҳусни рӯи ту бар дини халқ метарсам,
Ки бидъате ки набудаст, дар ҷаҳон орӣ.

Кас аз каноре дар рӯи ту нигаҳ накунад,
Ки оқибат на ба шӯхиш дар миён орӣ.

Зи чашми масти ту воҷиб кунад, ки ҳушёрон
Ҳазар кунанд, вале тохтан ниҳон орӣ.

Ҷавоби талх чӣ дорӣ? Бигӯю бок мадор,
Ки шаҳди маҳз бувад, чун ту бар даҳон орӣ.

В-агар ба ханда дароӣ, чӣ ҷои марҳами реш?
Ки мумкин аст, ки дар ҷисми мурда ҷон орӣ.

Яке латифа зи ман бишнав, эй ки дар офоқ
Сафар кунию латоиф зи баҳру кон орӣ.

Гарат бадоиъи Саъдӣ набошад андар бор,
Ба пеши аҳлу қиробат1 чӣ армуғон орӣ?


1 Хешону наздикон.