Агар кулолаи мушкин зи рух барандозӣ

576

Агар кулолаи мушкин зи рух барандозӣ,
Кунанд дар қадамат ошиқон сарандозӣ.

Агар ба рақс дароӣ ту, сарви симандом,
Назора кун, ки чӣ мастӣ кунанду ҷонбозӣ.

Ту бо чунин қаду болову сурати зебо
Ба сарву лолаву шамшоду гул напардозӣ.

Кадом боғ чу рухсори ту гуле дорад?
Кадом сарв кунад бо қадат сарафрозӣ?

Ба ҳусни холу буногӯш агар нигоҳ кунӣ,
Назар зи хеш дигар бар касе наяндозӣ.

Ғуломи боди сабоям, ғуломи боди сабо,
Ки бо кулолаи ҷаъдат ҳамекунад бозӣ.

Бигӯй, мутриби маҷлис, бисоз замзамае,
Бинол, булбули мастон, ки бас хушовозӣ.

Кӣ гуфтааст, ки сад дил ба ғамзае бибарӣ?
Ҳазор сайд ба як тохтан бияндозӣ.

Зи лутфи лафзи шакарбори гуфтаи Саъдӣ
Шудам ғуломи ҳама шоирони шерозӣ.