Агар монанди рухсорат гуле дар бӯстонастӣ

525

Агар монанди рухсорат гуле дар бӯстонастӣ,
Заминро аз камолийят шараф бар осмонастӣ.

Чу сарви бӯстонастӣ вуҷуди маҷлисороят,
Агар дар бӯстон сарве сухангӯю равонастӣ.

Нигоринрӯю ширинхӯю анбарбӯю симинтан,
Чӣ хуш будӣ дар оғӯшам, агар ёрои онастӣ.

Ту гӯӣ, дар ҳама умрам муяссар гардад ин давлат,
Ки ком аз умр баргирам, в-агар худ як замонастӣ.

Ҷуз ин айбат намедонам, ки бадаҳдию сангиндил,
Дилороме бад-ин хубӣ дареғ, ар меҳрбонастӣ.

Шакар дар коми ман талх аст бе дидори ширинаш,
В-агар ҳалво, бад-он монад, ки заҳраш дар миёнастӣ.

Даме дар суҳбати ёре малакхӯи парипайкар,
Гар уммеди бақо бошад, биҳишти ҷовидонастӣ.

На то ҷон дар ҷасад бошад, вафодорӣ кунам бо ӯ,
Ки то тан дар лаҳад бошад, в-агар худ устухонастӣ.

Чунин гӯянд Саъдиро, ки дарде ҳаст пинҳонӣ,
Хабар дар мағрибу машриқ набудӣ, гар ниҳонастӣ.

Ҳар он дилро, ки пинҳонӣ қарине ҳаст рӯҳонӣ,
Ба хилватхонае монад, ки дар дар бӯстонастӣ.